<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>C</key>
<hymn_number>181</hymn_number>
<title>Ба ҳангоми сахтиву дармондагӣ Хд181</title>
<lyrics>[V1]
.C                   F
 Ба ҳангоми сахтиву дармондагӣ
.G                       C
 Худо ёри мову мададгори мост.
.C                          F
 Замин ларзад ар, кӯҳ резад ба баҳр,
.G                           C
 Худо з-ин хатарҳо нигаҳдори мост.

[C1]
.  C         F    G        C
   Ба шаҳри Худо ҷӯйи обе равон,
.  C        F   G       C
   Нишот ораду шодмонӣ диҳад.
.  F                 G      C
   Дар он ҷойгоҳи муқаддас Худо
.     F             F        C
   // Ба мо иззати ҷовидонӣ диҳад. //

[V2]
 Набинад газанду нагардад хароб
 Чунин шаҳри зебо, ки шаҳри Худост.
 Шукӯҳаш ба ҳар лаҳза афзун шавад,
 Худо Худ гувоҳи чунин муддаост.

[C2]
   Агар хашм гирад Худо як даме,
   Ҷаҳон ларзад аз ҳайбати хашми Ӯ.
   Чу муме гудозон шавад гар замин,
   // На ояд чу як зарра дар чашми Ӯ. //

[V3]
 Худо найзаҳоро ба зер оварад,
 Камонҳои ҷанговарон бишканад.
 Касеро, ки муштоқи ҷанг аст ӯ,
 Ба аъмоқи чоҳаш ҳаме афканад.

[C3]
   Худо дар замин сулҳ хоҳад, на ҷанг,
   Бидону чунин тундхӯӣ макун.
   Ба ошӯбу ғавғо дигар дил мабанд,
   // Чунин бармало ҷангҷӯӣ макун. //

[V4]
 Худованди Яъқуб, бар мо нигар,
 Нигаҳ дор моро зи бедоду кин.
 Ту коре бикун, то намонад дигар
 Зи бедоду кин тухмае дар замин.

[C4]
   Ту ҳастӣ ҳамеша паноҳгоҳи мо,
   Наҷӯем ҷуз Ту паноҳе дигар.
   Куҷо метавон ёфт амну қарор,
   // Ба ҷое дигар такягоҳе дигар. //</lyrics>
</song>